ФАЗИЛАТИ АХЛИ БАЙТИ МУХАММАД (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)
ФАСЛИ ЧАХОРУМ
ВА ОНЧИ, КИ ДАР МАВРИДИ ОЛИ БАЙТ БЕЗУЛМ ВА МУБОЛАГА ВОЧИБ АСТ.
Ахли байти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) онхоянд, ки садака барояшон харом аст, яъне онхо закоту садака намегиранд. Ва онхо оли Али, оли Чаъфар, оли Ақил, оли Аббос, фарзандони Хорис ибни Абдулмуталиб ва хамсару духтарони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) хастанд.
Далели ин кавл ин аст, ки Аллох таоло хабар медихад:
وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَى وَأَقِمْنَ الصَّلاةَ وَآتِينَ الزَّكَاةَ وَأَطِعْنَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيراً (الأحزاب:33)
“(Эй занҳои паёмбар!) Ва дар хонахои худ бимонед. Ва ба мисли замони чохилияти пешин, зинатхои худро ошкор мекунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидихед ва аз худову паёмбараш итоат кунед. Эй ахли байт, худо мехохад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок дорад”. (Ахзоб:33).
Имом ибни Касир (р) дар тафсири ин оят чунин мегуянд:
“Касе, ки ин оятро мавриди тааммул ва тадаббур карор дорад барояш хувайдо мегардад, ки хамсарони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ин фармудаи илохи (“Эй аҳли байт, худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок дорад”), ки дар сураи Ахзоб-33 аст, дохиланд. Ва дар давоми ин оят Аллох таоло мефармояд:
وَاذْكُرْنَ مَا يُتْلَى فِي بُيُوتِكُنَّ مِنْ آيَاتِ اللَّهِ وَالْحِكْمَةِ إِنَّ اللَّهَ كَانَ لَطِيفاً خَبِيراً (الأحزاب:34)
“Он чиро, ки дар хонахоятон аз ояти худо ва хикмат тиловат мешавад, ёд кунед, ки худо борикбину огох аст”.(Ахзоб:34).
Аллох таоло дар ин оят занони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)ро мефармояд, ки ба ончие, ки дар хонахоятон бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нозил мегардад аз Куръон ва суннат, амал кунед.
Имом Китода ва дигарон дар мавриди тафсири ин оят чунин мегуянд:
Аллох таоло ба хамсарони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мухотаба карда мефармояд, ки ин неъматхоро, ки Аллох таоло бар шумо ба тарзи авлавият аз байни мардумон инъом фармудааст, ёд кунед, ки вахйи илохи хос дар хонахои шумоён нозил мешавад ва дар он дигарон мушоракат намеварзанд. Модарамон хазрати Оиша (р) ба ин неъмати илохи сазовортарини онхо ва ба тарзи вижа лоиктарини ин рахмати илохи мебошанд. Вахйи илохи дар бистари хеч яке аз занонашон чуз Оиша (р) нозил нашудааст. Чунон чи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ин бора хабар додаанд. Хамчунон паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба зани бокирае чуз Оиша (р) издивоч накардаанд. Модарамон Оишаи сиддика (р) пеш аз паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба каси дигаре издивоч накарда буданд. Ҳазрати Оиша (р) ба ин неъмат ба танхои даст ёфтаанд ва ба ин мартабаи оли ба тарзи вижа шоиста шуданд.
(Тафсири Ибни Касир).
Ахли суннат ва чамоат ахли байти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дуст медоранд ва ба онон дусти мекунанд ва васияти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки доир ба онхо содир шудааст ичро мекунанд.
Чуноне, ки он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:
«Ман шуморо дар ахли байтам ёддошту ёдрас мекунам». (Муслим).
Ба муктазои ин хадиси шариф, сунниён ахли паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дуст медоранд ва эхтиром мекунанд. Ин амр чузъе аз мухаббати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва эхтироми он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шуморида мешавад. Ин эхтирому мухаббат аз он аст, ки ахли байт пайрави суннати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва бар дини он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) устуворанд. Ба мисли хазрати Аббос (р) ва фарзандонашон, ва Али (р) ва ахли хонаводаашон, ки бар дину суннати он ҳазрат пойдор буданд. Ва агар касе аз эшон ба суннати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) устувор набуда бо он мухолифат варзад, пас дуст гирифтани у ва бо у дусти кардан чоиз нест, гарчанде у аз чумлаи ахли байт бошад.
Мазхаби ахли суннат доир ба ахли байт мазхаби хак ва муътадил аст. Онхо он касонеро аз ахли байти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дуст дошта онхоро мавриди муволот карор медиханд, ки онхо бар дину суннат коим буда бар манхачи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) устувор хастанд. Ва ононе, ки аз суннати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) руй гардонида ба он хазрат мухолифат меварзанд, онхоро мавриди бароат карор дода аз онхо безори мечуянд. Гарчанде онхо аз ахли оли байт бошанд, зеро хешовандии онхо ба паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва аз ахли байти он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) буданашон ба онхо фоидае нахохад расонид, магар ин ки пайрави дини Аллох ва суннати (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бошанд.
Чуноне, ки хазрати Абухурайра ривоят карданд, ки вакте, ки ин ояти карима нозил шуд:
وَأَنْذِرْ عَشِيرَتَكَ الْأَقْرَبِينَ) (الشعراء:214)
“Хешовандони наздикатро битарсон”.
(Шуаро:214)
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) байни Курайш бархеста бар онхо нидо карданд:
«Эй чамоати Курайш, ба начоти нафсхоятон биандешед, зеро ман дар боргохи илохи бароятон фоидае расонида наметавонам. Эй Аббос фарзанди Абдулмутталиб (амаки паёмбар) дар назди Аллох барои ту манфиате расонида наметавонам. Эй Сафия (аммаи паёмбар), дар назди Аллох барои ту фоидае расонида наметавонам. Ва эй Фотима (духтари паёмбар) он чизе аз моли ман мехохи аз ман дар ин дунё талаб бикун, аммо дар рузи растахез ман барои ту салохияти фоида расониданро надорам». (Бухори).
Инчунин паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар хадиси дигар мефармоянд: «Касе, ки амалаш сусту заиф бошад, нисобаш уро ба чое намерасонад». (Муслим).
Касеро, ки амалаш ёри надиҳад, насабаш ёри дода наметавонад. Инчунин манхачи ахли суннат ва чамоат аз шиаи рофиза безори чустан ва дур шудан аст, ки онхо дар мавриди баъзе аз ахли байт муболагаву зиёдарави карда эътикод доранд, ки онхо чун паёмбарон аз хатову маъсиятхо холиянд, пас барояшон исмат даъво доранд.
Низ аз тарикаи носибихо безоранд, ки онхо бар ахли байти паёмбар душмани насб кардаанд, яъне бар онхо таънаву маломат мекунанд. Инчунин аз равиши бидъаткорони дар залолату хурофот гарк шудагон безоранд, ки дар дуохояшон ба ахли байт тавассул мечуянд ва ононро ба ивази Аллох таоло худоён меҳисобанд ва аз онхо дуову мадад металабанд.
Аз ин хувайдо мешавад, ки ахли суннат ва чамоат доимо барои худ манхачи муътадил, ки дар он на ифрот хасту на тафрит, бар худ лозим медоранд. Аз муктазои мазхаби аҳли суннат ин аст, ки доир ба ахли байти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) чавру ситам ва зулму ситамро раво намебинанд ва инчунин дар мавриди онхо муболагаву зиёдрави намекунанд.
Пешвоёни оли байти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) гулуву зиёдравиро дар мавридашон зишт мешумориданд ва аз зиёдравандагон безори мечустанд. Тавре, ки хазрати Али ибни Абитолиб (р) ононеро, ки дар хаккашон муболага ва зиёдрави карда буданд дар оташ сузониданд. Ва хазрати ибни Аббос (р) дар куштани онхо ба хазрати Али (р) мувофикат карданд, лекин ибни Аббос дар фикре буданд, ки бояд онхо ба ивази сузонидан ба воситаи шамшер кушта шаванд. Чуноне, ки хазрати Али (р) Абдуллох ибни Саборо, ки раъйи зиёдравонро дошт, талаб карданд, то дар наздашон хозир гардад, то уро бикушанд, лекин фирор намуд ва пинхон шуд.
Fantastic, Great Improvement, Keeping Working Hard, Wow.