Tuesday, August 19, 2008

Тақво

       Шаб торик буду ҳама дар хоб буданд, аммо Аҳмад вазифаи худро такрор мекарду такрор, ҳатто онро хуб ҳифз намуду сипас ба хоб рафт.

      Пагоҳи аз хоб хеста ба сўи мадраса роҳсипор шуда гумон мекард, ки аз ҳама имрўз дарсро хуб чавоб медиҳад ва устозаш ўро назди бачаҳо таъриф мекунад. Дарс ҳам оғоз шуд. Устози сарф ҳамаро як ба як, нуқта ба нуқта аз боби сулосии мучаррад мепурсид. Толибон чавобҳои гуногун медоданд, яке хуб чавоб медоду дигаре камтар ва саввум бошад бештар.

      Ҳатто навбат ба Аҳмад расиду аз тарс дар дилаш аспҳо медавиданд. Устоз гуфт : “

      -Аҳмадчон! Ҳамаи бачаҳо тақрибан дарсро чавоб доданд, акнун ту онро бо байтҳое, ки дар ин хусус гуфта шудааст, хулоса намо “.

      Инро шунида Аҳмад хурсандона аз чояш хест ва боварии комил дошт, ки хуб чавоб медиҳад, зеро ки ин байтҳоро чун сураи “Фотиҳа” аз ёд карда буд. Ў ба чавоб додан оғоз карду мегуфт:

     - ” Фатҳа, касра, фатҳа……..”

фикр мекард, аз нав мегуфт, лекин наметавонист давом диҳад ва гумон мекард, ки ҳамааш аз ёд рафтааст. Ногоҳ устоз пурсид :

     - ” Ҳа, аз худ накарди ?”

      Аҳмад чавоб дод :

     - ” Не устоз бисёр хуб аз ёд карда будам, лекин намедонам чи шуд “. устоз гуфт :

     - “Ман давои инро ба шумо мегўям. Бояд хуб фаҳмед, ки ҳаёт қонуну қоида, калиду қулфи хешро дорост ва илм низ ҳамчунин”.

      Шогирдон бо шавқ пурсиданд, ки калиди илм чист? Устоз гуфт :

      - ” Тақво, бале тақво, ки бо он бузургон бузург шудаанд. Саҳобагони Расул соллаллоҳу алайҳи ва саллам онро пеш аз Қуръон таълим мегирифтанд, то ба фаҳми дақиқи Қуръон роҳ ёбанд. Худои пок дар Қуръон фармудааст : ” Ва тарсед Худоро ва Худо ба шумо таълим медиҳад “. Ана, агар тақво кунем бисёр сирру асрори зиндагиро Қуръон барои мо ошкор месозад ва ҳамеша хушбахт зиндаги карда дар охират аз Худои пок ба чаннат мукофотонида мешавем. Бинобар ин, Аҳмадчон, пеш аз хондан тақво бояд дошт ва аз Худо тарсид “.

      Шогирде аз чой хест ва пурсид :

      ” Мебахшед устоз, худи тақво чи маъни дорад ва чи хел бояд тақво кард ? “

      Устоз гуфт :

      ” Хеле саволи хуб. Тақво ин тарсидан аз Худои бузург, ба чо овардани амрҳои Ў ва тарк намудани муҳаррамот аст. Ҳарки ин сифатро дорост, ўро муттақи гўянд. Дар васфи муттақиён дар Қуръон омадааст ” Ҳароина Аллоҳ ҳамроҳи ононест, ки тақво мекунанд ва ононе, ки некўкоранд “. Бинобар ин, агар тақво пеша кунем Худо дастгири мо мешавад ҳам хуб мефаҳмему ҳам хуб дарсро чавоб медиҳем.

      Дар охир устоз илова кард :

      ” Агар Худо хоҳад дар дарсҳои оянда дар бораи муттақиён бо тафсил сухан меронам. То дарси дигар ! “

 

Posted by bismillah at 16:28:57
Comments

One Response to “Тақво”

  1. This is really a nice blog,i always come here and read the articles

Leave a Reply