Соддагии ислом ва азамати Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам
Ба қалами устоди амрикои, мудири мачаллаи
” Шахсияти родиёи ” Доналд Ригёл
Авомил аз чиҳати зиёде маро ба сўи ислом чазб кард, ки баъзе аз онҳо чунон ошкор аст, ки наметавон дар онҳо шак ва тардид кард ва баъзе дигарро боисти дар ботину аъмоқи рўҳи одами чустучў намуд.
Ҳангоме, ки дар бораи ислом ба Қуръон ва сураи Муҳаммад бинни Абдуллоҳ мурочиа кардем, чиҳате афкорамро ба худ чалб кард. Соддагии ислом ва суҳулати (осони) он. Ақидаи ислом напечидаги дорад ва на мубҳам аст, балки як имони соддае аст, ки аз роҳи ақл ва диққат дар низоми офариниш, барои инсон ҳосил мешавад ва риояти ҳамин ду чиз қатъан одамиро ба офаридагори доно ва тавоно мўъмин месозад.
Ҳангоме, ки Худоро шинохти ва ба вучудаш имон оварди, ислом ба ту таълим медиҳад, ки ” Худо аз раги гардан ба инсон наздиктар аст “ (сураи “Қоф” ояи 16) ва низ дар мақоми муаррифии хеш чунин мегўяд : ” Ҳаргоҳ бандагонам аз ту дар бораам суол кунанд, бигў, ман ба онҳо наздикам ва дуъои дуъокунандагонро мустачоб мекунам.” (сураи “Бақара” ояи 186). Бинобар ин дар оини ислом миёни Худо ва бандагонаш на воситае лозим аст ва на барои пазириши тавба ва анчоми ибодат вучуди коҳин ва ё маркази муайяне зарурат дорад, ” Машриқу мағриб моли Худо аст, ҳар сў рў кунед, Худо дар ҳамон сў аст.” (сураи “Бақара” ояи 115).
Рафторе, ки ислом ба мухолифини худ, чи дар ҳоли сулҳ ва чи дар ҳоли чанг, чи бо яҳуд ва чи бо насори карда ва нарми ва бузургворие, ки дар ҳаққи онон намуда аст, ончунон шигифтовар ва қобили таҳсин аст, ки беихтиёр маро мачзуби (шефта) худ сохта аст.
Дар тамоми аҳкоми ислом ва дар ҳамаи дастурҳои он, чанбаҳои инсонии он ошкор аст. Ҳамаи мардум бо тамоми ихтилофоте, ки дар баҳраманди аз мазоҳири зиндаги доранд, дар пешгоҳи Худо баробаранд. Ҳеч кас ба хотири сарват ё нажод ё ранг ба дигаре бартари надорад, танҳо бартари ва фазилат дар сояи шоистаги ва парҳезгори аст. Афроди сарватманд бояд ҳуқуқу вочибаи моли худро ба фуқаро ва бенавоён бипардозанд.
Ислом на танҳо пайравони худро аз ҳамгоми бо корвони тамаддун ва пешрафт бознамедорад, балки ба онон фармон медиҳад аз роҳҳои ақли бо корвони тараққи ва фарҳанг ҳамоҳанг гарданд.
Ислом баҳраманди ва мазоҳири зиндагиро ҳаром намедонад. “Ончи ки марбут ба охират аст, бигир, вале баҳраатро аз мазоҳири зиндагии ин чаҳон фаромўш макун” (сураи “Қасас” ояи 77).
“Бигў, эй Паёмбар, чи касе зинатҳои Худоро, ки барои бандагонаш офарида ҳаром карда аст ва аз рўзиҳои покиза ва ҳалол манъ кардааст” (сураи “Аъроф” ояи 32)
Бисёре аз соддагиҳо ва хубиҳои ислом, чи дар қисмати ақоид ва ибодат ва чи қисмати муомилот ва ғайра, ки феълан бароям мақдур (имконпазир) нест ҳамаи онҳоро бишмурам, боис гардид, ки ман ба ислом мўътақид гардам.
Ончи ки сазовор аст, гуфторамро ба он хатм кунам, ҳамон таваччўҳ ба азамати Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Ҳар касе, ки сират ва таърихи ўро чи дар мақоми даъват ва чи аз лиҳози шахсияти рўҳи ва чи дар ҳоли чиҳод ва майдони чанг мутолиъа кунад, ногузир эътироф хоҳад кард, ки Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам хотами пайғамбарон ва дини ў беҳтарини адён аст.
Ва ба унвони табрик, номамро ба номи гироми мубораки он ҳазрат ” Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ” табдил намуда, аз Худо тавфиқи бештар масъалат менамоям.
Аз китоби “Чаро мусулмон шудам”