НАХЙ АЗ ДАШНОМ ДОДАНИ САХОБАГОН ВА ИМОМОНУ ОЛИМОН
ФАСЛИ ШАШУМ
Нахй аз дашном додани сахобагон яке аз усули ахли суннат ва чамоат аст, ки онхо ёрони Мухаммад мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дуст дошта дар хакки онхо ба чуз неки чизи дигаре намегуянд ва онхоро доимо ба неки зикр мекунанд. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:
وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْأِيمَانِ وَلا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلّاً لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَحِيمٌ. (الحشر:10)
“Касоне, ки аз паси саҳобагон омаданд, мегуянд: Эй парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон оварданд, биёмурз ва кинаи касоне, ки имон оварданд, дар дили мо чой мадех. Эй парвардигори мо, ту мушфику мерубон хасти”.
(Хашр:10).
Инчунин паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:
«Сахобахои маро дашном мадихед, савганд ба номи он зоте, ки нафси ман ба дасти уст, агар касе аз шумоён мисли кухи Ухуд тилло садака кунад, ба камтари садакае, ки онхо садака кардаанд, нахохад расид».
(Бухори ва Муслим).
Ахли суннат ва чамоат аз равиши хаворич безор хастанд, ки онхо сахобагонро дашном медиханд ва фазилатхои онхоро инкор мекунанд. Ва бештари онхоро кофир мешуморанд. Ахли суннат дар ин маврид он чизе, ки дар Куръону суннат собит шудааст, онро кабул медоранд ва эътикод доранд, ки асри саҳобахо бехтарин аср аст. Тавре, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:
«Бехтарин шумоён ононе хастед, ки дар асри ман зиндаги карда бошед». (Бухори ва Муслим).
Яъне сахобагон.
Вакте, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) тавзех доданд, ки ин уммат ба хафтоду се гурух таксим мегардад, хамаи он дар дузах, магар як гурух. Пас паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро пурсиданд, ки кист он як гурух, ки дохили бихишт гарданд? Дар посух гуфтанд:
“Онхо дар он роҳе ҳастанд, ки ман ва сахобагони ман дар он роҳем». (Ахмад).
Имом Абу Зуръа, ки аз бузургтарин устозхои Муслим хастанд, доир ба ин масъала гуфтанд:
Вакте шахсеро мушохида мекуни, ки у сахобае аз сахобагони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро паст мешуморад, пас бидон хароина у зиндик ва кофир аст, зеро Куръон хак аст, паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) хак хастанд, ва он чизе, ки он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) овардаанд хак аст. Касе, ки онхоро мавриди маломату мазаммат карор дихад, максади у нобуд кардани Куръону суннат аст.
Аллома Ибни Хамадон гуфтанд:
Касе, ки сахобаи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро лаънату дашном дихад ва ин амалро халол шуморад, пас у кофир аст ва агар халол нашуморад фосик аст.
(Шархи акидаи сафорини,2/388-389).
Нахй аз дашном додани имомхо ва уламо.
Имомхои ахли суннат аз тобеин ва атбои тобеин баъди сахобагон бо фазлу каромат ва макомату манзилат доро шудаанд. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:
وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَداً ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ. (التوبة:100)
“Аз он гурухи нахустин аз мухочирин ва ансор, ки пешкадам шуданд ва онон, ки ба неки аз сахобагон пайрави карданд, худо хушнуд аст ва эшон низ аз худо хушнуданд. Барояшон бихиштхоеро, ки дар онхо нахрхо чорист ва хамеша дар он чо хоханд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург”.
(Тавба:100).
Онхоро дашном додан чоиз нест, зеро онхо имомхои хидоят мебошанд. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:
وَمَنْ يُشَاقِقِ الرَّسُولَ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُ الْهُدَى وَيَتَّبِعْ غَيْرَ سَبِيلِ الْمُؤْمِنِينَ نُوَلِّهِ مَا تَوَلَّى وَنُصْلِهِ جَهَنَّمَ وَسَاءَتْ مَصِيراً (النساء:115)
“Хар ки пас аз ошкор шудани рохи хидоят бо паёмбар мухолифат варзад ва аз рохе чуз рохи муъминон пайрави кунад, пас ба он суй, ки писанди уст, бигардонемаш ва ба чаханнамаш афканем. Ва чаханнам саранчоми бадест”.
(Нисо: 115).
Имом Ибни Абул Иззи ханафи доир ба ин мавзуъ чунин мегуянд:
Бар хар мусалмон вочиб аст баъд аз дуст доштани Аллох ва паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дуст доштани муъминхо. Тавре, ки ба ин амр Куръон далолат мекунад. Хусусан ворисони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро, ки онхоро Аллох таоло мисли ситорахо дар осмон карор додааст, ки инсон рохи худро дар торикихои бахру хушки дарёфт мекунад.
Мусалмонон иттифок кардаанд, ки олимони гузашта дар рохи хак халифаву ворисони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) буданд. Онхо суннатхоеро, ки мардум аз он руй гардонида буданд онро ба мардум тавзех дода, онхоро ба сўи он иршод фармуданд. Онхо хама якинан иттифок карданд, ки пайравии он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бар хар мусалмон вочиб аст. Хар вакте, ки кавли касе аз он бузургон бо хадиси паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мухолифат кард, бояд чунин пиндошт, ки шояд он олим маъзур бошад, яъне узр дошта бошад. Мисли:
1-Эътикод доштани у, ки ин хадисро паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нагуфтаанд, яъне ин хадис заиф аст.
2-Эътикод доштани у, ки хадис бар ин масъала далолат намекунад.
3-Эътикод доштани у, ки хадис мансух аст.
Онхо бар мо фазлу маконат доранд, зеро онхо барои моён шариатро таблиг намуданд ва умуре, ки барои моён мушкил буд, баён карданд. Аллох таоло аз онхо рози бошад.
رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْأِيمَانِ وَلا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلّاً لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَحِيمٌ. (الحشر:10).
“Эй парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон оварданд, биёмурз ва кинаи касоне, ки имон оварданд, дар дили мо чой мадех. Эй парвардигори мо, ту мушфику мерубон хасти”.
(Хашр: 10).
Ба сабаби хатои ичтиходие, ки олим дар он вокеъ мешавад, кадри уро паст шуморида, уро дашном додан тарикаи бидъаткорон аст, ки ин яке аз тахдидхои душманони ислом аст. Онхо ба ин тарика мехоханд мусалмононро дар динашон шакдор ва байнашон адоват пайдо кунанд. Чуноне, ки имрузхо ахвол ба ин минвол аст. Пас бояд толибони илм аз ин хатархо огох бошанд, то дар бахри фиреби душманони ислом гарк нашаванд. Бояд онхо уламои исломро хурмату эхтиром кунанд ва аз илми онхо бахра гиранд.
Thanks so very much for taking your time to create this very useful and informative site. I have learned a lot from your site. Thanks!! I think you have done an excellent job with your site. I will return in the near future.