ДУРУДУ САЛОМ ФИРИСТОДАН БА ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам).

2008 August 19
Posted by bismillah

Аз чумлаи хакки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бар умматашон фиристодани дуруд ва салом бар он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мебошад.

Аллох таоло мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ وَمَلائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيماً) (الأحزاب:56)

“Худо ва фариштагонаш бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) салавот мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардед, бар у салавот фиристед ва салом гўед, саломе неку”.

(Ахзоб:56).

Маънои дуруд гуфтани Аллох бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин аст, ки у таоло дар назди фариштагон паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)ро мадху ситоиш мекунад ва дуруд гуфтани фариштагон бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бар маънои дуо аст ва дуруди инсонхо ба маънои истигфор аст.

(Бухори аз Абу Олия).

Аллох таоло дар ин ояти карима манзилату макомоти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)ро баён кардааст, ки он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар назди Аллох таоло дорои макоми бузурге ҳастанд. Аллох таоло паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дар назди фариштагони мукарраб ситоиш мекунад ва фариштагон бар он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дуруд мегуянд. Сипас Аллох таоло ахли оламро ба салому дуруд гуфтан ба паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) амр фармудааст, то ситоиши ахли олами боло ва поён бар он паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) чамъ шавад.

Тафсири «Саллиму таслимо» ин аст, ки (салом бигуед ба он саломе, ки дар дини ислом омадааст). Яъне бар он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) саломи исломи фиристед.

Гуфтани (саллалоху алайх) дуруст нест ва инчунин (алайхис салом) чоиз нест, балки хардуро якчо гуфта шавад (саллолоху алайхи ва саллам). Аллох таоло ба зикр кардани харду амр кардааст.

Инчунин дар суннат собит шудааст, ки беҳтарини салавот он аст, ки баъди паёмбар (с) бар аҳли ў низ салавот фиристода шавад. Чи тавре, ки дар салавоти баъди ташаҳҳуд собит шудааст.

Мавзеъхои фиристодани дуруду салом бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бисёр аст.

Имом ибни Каййим дар китобашон «Залоилул Афхом» чунин овард: Нахустин мавзеъ, ки мухимтарини онхо аст, дар охири намоз, баъд аз ташаххуд мебошад ва суннати муаккада будани ин дуруду салом байни мусалмонон мавриди ичмову иттифок карор ёфтааст. Ва аммо ихтилофе, ки хаст дар мавриди вочиб будани он аст.

(Чалоул афхом: 222-223).

Инчунин мавзеъхои дигареро зикр намудааст, ки дар дуои қунут, хутба, мисли хутбаи чумъа ва хутбаи хардуи ид ва истиско, баъд аз шунидани азон, дар вакти дуо, дар вакти духул ва хорич шудан аз масчид ва дар вакти номидани паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам).

Зикри баъзе фоидахои дуруд васалавот:

1-Ичро кардани фармони илохи.

2-Ноил шудани дурудгуянда ба дах дуруд аз чониби парвардигори чахониён дар мукобили хар дуруде, ки бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фиристода мешавад.

3-Умеди кабул шудани дуо.

4-Сазовор шудан ба шафоати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам).

5-Дуруду салом сабаби магфирати гунохон аст.

6-Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бар дурудгуянда низ дуруд мегуянд.

Эй худоё, дуруду салом бифирист бар паёмбари мехрубон ва бар оли ў.

No comments yet

Leave a Reply

Subscribe to this comment feed via RSS