Дўст доштани Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам аз имон аст.
Дўст доштани Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам аз имон аст.
Аз Анас розийаллоҳу анҳу гуфтанд:” Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд :” Касе аз шумо мўъмин намешавад, ҳатто аз падараш ва фарзандаш ва тамоми мардум барои ў маҳбубтарин бошам. (Манро зиёдтар дўст дорад)”
Инсон ҳамон вақт мўъмини ҳақиқи мегардад, ки Паёмбарро аз ҳама бештар дўст дорад. Имони ҳақиқи инсонро водор мекунад, ки ҳаққи Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам дар болои ў аз ҳаққи ҳама башарият, ҳатто аз ҳаққи падару модар зиёдтар аст. Ҳамчунон бояд аз нафси худ Паёмбарро зиёдтар дўст дорад, чунки он ҳамаро аз оташи абади начот дода, аз гумроҳиву машаққати дунё ба нури имону ҳаёти ҳақиқи ҳидоят намуданд. Бо ин тариқ ба мо фоидаи зиёде расониданд, ки бояд мустаҳиққи муҳаббати зиёд гарданд……
Мусулмон ҳамон вақте ошиқи Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳисобида мешавад, ки гуфтаи эшонро ба чо орад. Аз ин чо ин ишқ, ин муҳаббат, муҳаббати имони аст.
Касеки даъвои муҳаббати Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро дорад, бояд суннати мутаҳҳараи эшонро зинда гардонида аз шариати эшон дифоъ намояд. Ҳамчунон хешро бо ахлоқи Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам зинат диҳад, яъне дар сабру ҳилмаш,хоксорию саховатмандиаш пайравии Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро намояд.
Аз ҳама муҳим бояд инсон Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро аз худаш низ бисёртар дўст дорад. Дар ҳадиси дигаре омадааст (маънояш) ,
” Касе мусулмони комил намешавад, ҳатто ки аз нафсаш зиёдтар манро дўст дорад.”
Дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Ҳишом омадааст, ки ҳазрати Умар розийаллоҳу анҳу ба Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:
” Эй Паёмбари Аллоҳ, шуморо аз ҳама бештар дўст медорам, магар аз нафсам.” Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд : ” На ! Қасам ба Аллоҳ (мусулмони комил намешави) ҳатто, ки аз нафсат низ маҳбубтар бошам.” Пас ҳазрати Умар розийаллоҳу анҳу гуфтанд : ” Қасам ба Аллоҳ, ҳозир шумо назди ман аз нафсам низ маҳбубтар мебошед.” Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд : ” Ҳозир эй Умар (яъне ҳозир ту мусулмони комил шуди).
Хулосаи ҳадиси шариф.
1- Ин ҳадис қадри Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам ва фазли эшонро бар чамиъи афроди уммат баён мекунад.
2- Итоати Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам муқаддам бар ҳамаи чиз аст.
3- Ҳадиси шариф баёнгараст, ки Паёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам соҳиби фазланд, бинобар ин эшонро бояд пайрави кард ва суннати эшонро бояд зинда намуд.