Tuesday, August 19, 2008

Рўди сафобахш

       Ҳусайн пас аз адои намози субҳ чун одати ҳаррўза сари тиловати Қуръон нишаст. Ва дар баробари дохил гаштани шўъоҳои заррини офтоб ба утоқи ў аз тиловати Қуръон фориғ гашт ва ба сўи тиреза шитофт, то онро боз намояд ва аз ҳавои беғубор ва начандон сарди тирамоҳи нафаси тоза бигирад. Аз паси тирезаи ҳучраи Ҳусайн дар масофаи наздик наҳри кўчаки мусаффое чори мешуд. Ҳусайн ба ин наҳрак назар андўхт ва мавчҳои хурди аз нури офтоб чилоёфтаи он ўро ба олами хаёл бурданд.

       Ҳусайн ғарқи андеша аз ворид гаштани падараш ба утоқи ў бехабар монд. Падар дасти худро бар болои сари писар гузошт ва гўё, ки андешаҳои ўро мехонда бошад гуфт:

       “Ман низ дар хурдсоли дар атрофи ин чўйбор бози кардан ва қадам заданро дўст медоштам.” Падар сухани худро давом дод: “Биё ба як суоли ман чавоб деҳ: “Агар ҳар инсон дар чунин дарёчаи мусаффову зулол ҳар рўз панч бор шустушў ва оббози кунад ҳоли ў чи гуна мешавад?”

       Ҳусайн, ки ба суханони падари худ ба ороми гўш медод, дар чавоби ин сухан чунин гуфт:

       “Агар як инсон дар чунин оби зулолу ширин ҳар рўз панч маротиба бадани худро шустушў намояд, албатта бениҳоят покизаву озодаву зебо мегардад.”

       Падар аз писари худ шунидани чунин чавобро мунтазир буд ва гуфт:

       “Пас агар чунин бошад, бояд бидони эй писараки ман, ки намозҳои панчгонае, ки рўзона ба чо меорем монанди чунин наҳри мусаффост. Ҳар яке аз ин намозҳои панчгона, ки монанди ин оби зулол аст, ки гуноҳҳои моро мешўяд ва қалби моро покиза мегардонад. Пас эй писараки азизи ман, ту намозҳои худро доимо барпо дор, то ҳамеша покизаву покдил боши! Пайғамбари Худо соллаллоҳу алайҳи ва саллам дар як ҳадиси шариф фармуд:

       “Оё медонед, агар дар назди дари хонаи шумо дарёе бошад ва ў дар он ҳар рўз панч бор бадани худро шустушў кунад, оё дар чисми ў ягон палидие боқи мемо-над?”

       Саҳобагон дар чавоб гуфтанд: “Албатта, ҳеч нопокие дар чисми ў боқи намемонад”.

       Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: “Пас он дарё монанди намозҳои панчгонаест ва Худованди таъоло бо онҳо гуноҳҳову хатогиҳоро маҳв месозад”.

 

Posted by bismillah at 16:31:35 | Permalink | Comments (2)

Тақво

       Шаб торик буду ҳама дар хоб буданд, аммо Аҳмад вазифаи худро такрор мекарду такрор, ҳатто онро хуб ҳифз намуду сипас ба хоб рафт.

      Пагоҳи аз хоб хеста ба сўи мадраса роҳсипор шуда гумон мекард, ки аз ҳама имрўз дарсро хуб чавоб медиҳад ва устозаш ўро назди бачаҳо таъриф мекунад. Дарс ҳам оғоз шуд. Устози сарф ҳамаро як ба як, нуқта ба нуқта аз боби сулосии мучаррад мепурсид. Толибон чавобҳои гуногун медоданд, яке хуб чавоб медоду дигаре камтар ва саввум бошад бештар.

      Ҳатто навбат ба Аҳмад расиду аз тарс дар дилаш аспҳо медавиданд. Устоз гуфт : “

      -Аҳмадчон! Ҳамаи бачаҳо тақрибан дарсро чавоб доданд, акнун ту онро бо байтҳое, ки дар ин хусус гуфта шудааст, хулоса намо “.

      Инро шунида Аҳмад хурсандона аз чояш хест ва боварии комил дошт, ки хуб чавоб медиҳад, зеро ки ин байтҳоро чун сураи “Фотиҳа” аз ёд карда буд. Ў ба чавоб додан оғоз карду мегуфт:

     - ” Фатҳа, касра, фатҳа……..”

фикр мекард, аз нав мегуфт, лекин наметавонист давом диҳад ва гумон мекард, ки ҳамааш аз ёд рафтааст. Ногоҳ устоз пурсид :

     - ” Ҳа, аз худ накарди ?”

      Аҳмад чавоб дод :

     - ” Не устоз бисёр хуб аз ёд карда будам, лекин намедонам чи шуд “. устоз гуфт :

     - “Ман давои инро ба шумо мегўям. Бояд хуб фаҳмед, ки ҳаёт қонуну қоида, калиду қулфи хешро дорост ва илм низ ҳамчунин”.

      Шогирдон бо шавқ пурсиданд, ки калиди илм чист? Устоз гуфт :

      - ” Тақво, бале тақво, ки бо он бузургон бузург шудаанд. Саҳобагони Расул соллаллоҳу алайҳи ва саллам онро пеш аз Қуръон таълим мегирифтанд, то ба фаҳми дақиқи Қуръон роҳ ёбанд. Худои пок дар Қуръон фармудааст : ” Ва тарсед Худоро ва Худо ба шумо таълим медиҳад “. Ана, агар тақво кунем бисёр сирру асрори зиндагиро Қуръон барои мо ошкор месозад ва ҳамеша хушбахт зиндаги карда дар охират аз Худои пок ба чаннат мукофотонида мешавем. Бинобар ин, Аҳмадчон, пеш аз хондан тақво бояд дошт ва аз Худо тарсид “.

      Шогирде аз чой хест ва пурсид :

      ” Мебахшед устоз, худи тақво чи маъни дорад ва чи хел бояд тақво кард ? “

      Устоз гуфт :

      ” Хеле саволи хуб. Тақво ин тарсидан аз Худои бузург, ба чо овардани амрҳои Ў ва тарк намудани муҳаррамот аст. Ҳарки ин сифатро дорост, ўро муттақи гўянд. Дар васфи муттақиён дар Қуръон омадааст ” Ҳароина Аллоҳ ҳамроҳи ононест, ки тақво мекунанд ва ононе, ки некўкоранд “. Бинобар ин, агар тақво пеша кунем Худо дастгири мо мешавад ҳам хуб мефаҳмему ҳам хуб дарсро чавоб медиҳем.

      Дар охир устоз илова кард :

      ” Агар Худо хоҳад дар дарсҳои оянда дар бораи муттақиён бо тафсил сухан меронам. То дарси дигар ! “

 

Posted by bismillah at 16:28:57 | Permalink | Comments (1) »

Соддагии ислом ва азамати Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам

Ба қалами устоди амрикои, мудири мачаллаи

” Шахсияти родиёи ” Доналд Ригёл

Авомил аз чиҳати зиёде маро ба сўи ислом чазб кард, ки баъзе аз онҳо чунон ошкор аст, ки наметавон дар онҳо шак ва тардид кард ва баъзе дигарро боисти дар ботину аъмоқи рўҳи одами чустучў намуд.

Ҳангоме, ки дар бораи ислом ба Қуръон ва сураи Муҳаммад бинни Абдуллоҳ мурочиа кардем, чиҳате афкорамро ба худ чалб кард. Соддагии ислом ва суҳулати (осони) он. Ақидаи ислом напечидаги дорад ва на мубҳам аст, балки як имони соддае аст, ки аз роҳи ақл ва диққат дар низоми офариниш, барои инсон ҳосил мешавад ва риояти ҳамин ду чиз қатъан одамиро ба офаридагори доно ва тавоно мўъмин месозад.

Ҳангоме, ки Худоро шинохти ва ба вучудаш имон оварди, ислом ба ту таълим медиҳад, ки ” Худо аз раги гардан ба инсон наздиктар аст “ (сураи “Қоф” ояи 16) ва низ дар мақоми муаррифии хеш чунин мегўяд : ” Ҳаргоҳ бандагонам аз ту дар бораам суол кунанд, бигў, ман ба онҳо наздикам ва дуъои дуъокунандагонро мустачоб мекунам.” (сураи “Бақара” ояи 186). Бинобар ин дар оини ислом миёни Худо ва бандагонаш на воситае лозим аст ва на барои пазириши тавба ва анчоми ибодат вучуди коҳин ва ё маркази муайяне зарурат дорад, ” Машриқу мағриб моли Худо аст, ҳар сў рў кунед, Худо дар ҳамон сў аст.” (сураи “Бақара” ояи 115).

Рафторе, ки ислом ба мухолифини худ, чи дар ҳоли сулҳ ва чи дар ҳоли чанг, чи бо яҳуд ва чи бо насори карда ва нарми ва бузургворие, ки дар ҳаққи онон намуда аст, ончунон шигифтовар ва қобили таҳсин аст, ки беихтиёр маро мачзуби (шефта) худ сохта аст.

Дар тамоми аҳкоми ислом ва дар ҳамаи дастурҳои он, чанбаҳои инсонии он ошкор аст. Ҳамаи мардум бо тамоми ихтилофоте, ки дар баҳраманди аз мазоҳири зиндаги доранд, дар пешгоҳи Худо баробаранд. Ҳеч кас ба хотири сарват ё нажод ё ранг ба дигаре бартари надорад, танҳо бартари ва фазилат дар сояи шоистаги ва парҳезгори аст. Афроди сарватманд бояд ҳуқуқу вочибаи моли худро ба фуқаро ва бенавоён бипардозанд.

Ислом на танҳо пайравони худро аз ҳамгоми бо корвони тамаддун ва пешрафт бознамедорад, балки ба онон фармон медиҳад аз роҳҳои ақли бо корвони тараққи ва фарҳанг ҳамоҳанг гарданд.

Ислом баҳраманди ва мазоҳири зиндагиро ҳаром намедонад. “Ончи ки марбут ба охират аст, бигир, вале баҳраатро аз мазоҳири зиндагии ин чаҳон фаромўш макун” (сураи “Қасас” ояи 77).

“Бигў, эй Паёмбар, чи касе зинатҳои Худоро, ки барои бандагонаш офарида ҳаром карда аст ва аз рўзиҳои покиза ва ҳалол манъ кардааст” (сураи “Аъроф” ояи 32)

Бисёре аз соддагиҳо ва хубиҳои ислом, чи дар қисмати ақоид ва ибодат ва чи қисмати муомилот ва ғайра, ки феълан бароям мақдур (имконпазир) нест ҳамаи онҳоро бишмурам, боис гардид, ки ман ба ислом мўътақид гардам.

Ончи ки сазовор аст, гуфторамро ба он хатм кунам, ҳамон таваччўҳ ба азамати Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Ҳар касе, ки сират ва таърихи ўро чи дар мақоми даъват ва чи аз лиҳози шахсияти рўҳи ва чи дар ҳоли чиҳод ва майдони чанг мутолиъа кунад, ногузир эътироф хоҳад кард, ки Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи ва саллам хотами пайғамбарон ва дини ў беҳтарини адён аст.

Ва ба унвони табрик, номамро ба номи гироми мубораки он ҳазрат ” Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ” табдил намуда, аз Худо тавфиқи бештар масъалат менамоям.

Аз китоби “Чаро мусулмон шудам”

Posted by bismillah at 16:25:57 | Permalink | No Comments »

Чи гуна исломро баргузидам?

Ҳаде Ҳейди.

(Ландан).

Ислом дини фитрии башар,

Ғарб ҳанўз исломро нашинохтааст

Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳи.

      Акнун беш аз як сол аст, ки ба ислом ошно шуда, онро баргузидаам. Каме баъд аз ин ки ба синни қонуни расидам, дар худ эҳсосе алоқа кардам, ки дар садади (азм) ёфтани мактабе ё муқарароте қобили қабул бароям.

      Ин таҳқиқот барои ёфтани системаи чадид, маро ба ислом роҳнамои кард. Ва барои ман ачиб набуд, ки танҳо ба василаи ислом тавонистам алоқа ба ҳақиқатро дар худ қонеъ кунам.

      Дар ин сухан, ки ҳар кўдаке бар фитраи ислом ба дунё меояд, ҳақиқате нуҳуфта ҳаст, ба ибораи дигар, ҳар инсоне, ки по бар арсаи ин чаҳон мегузорад, тамоюле нисбат ба ҳақиқати бепоёни ин чаҳон дорад ва ин таҳти шароити баъди ва ба мурури замон аст, ки аз он ҳақиқат дур меафтад. Ба истифода аз ин матлаб ва тачрибаи шахси бо камоли итминон метавонам бигўям, ки афроде ба дастурот ва таъолими ислом ошно ҳастанд, табиатан нисбат ба ин вафо доранд ва ҳадди ақал ба ҳақиқат ва мантиқи он қалбан имон доранд.

      Бидуни шубҳа қарнҳост, ки оини масоҳият рўи тамаддуни Урупо асар гузоридааст, аммо дар ҳамон ҳоли имрўза асри он чиз дар мавориди маҳдуде ба чашм намехўрад. Масеҳият дар назари пайравони имрўзии он танҳо аз мўътақидоте монанди ғусли таъмиди издивоч бо як зан на бештар, ташрифоти зоҳирии чаноза ва аз ин қабил ташкил шудааст ва аксари пайравони он аз назари ҳамин маросим, масеҳи ҳастанд. На мардуми таҳсилкарда ва на мардуми одди, ҳеч як наметавонанд мантиқу мўътақидоти усули онро дарк кунанд, то чи расад онро қабул кунанд ва нисбат ба онҳо мўъмин шаванд. Фикри ислоҳи ақоид, ки тавассути калисо пешниҳод шуда, ҳанўз натавониста аст муфид воқеъ шавад ва аз маҳкумият ва нобудии усули феълии он чилавгири кунад.

      Ёд дорам, ҳатто ҳангоме, кўдак будам, наметавонистам бо худ қабулонам, ки фарде ҳамнавъи худро худову холиқи худ бидонам. Эҳсос мекардам, ки эътиқоди мо ба худо будани ҳазрати Исои Масеҳ на танҳо дуруст нест, балки боиси таназзули мақоми рубубият хоҳад шуд.

      Ҳамвори ин матлаб саҳеҳ аст, ки байни табиат ва мовароуттабиъа як тартибот ва наздики вучуд дорад, вале на ба мафҳуме, ки масеҳиён мегўянд, вақте дар пазируфтани мактабе мачбур шавем ба худ биқабулонем, ки инсон ва шахсияте аз ин чаҳон аз чавонони ин олами хорич ва мо фавқи табиат ва ҳатто худо бошад, этимоди мо нисбат ба чунин мароме аз байн хоҳад рафт ва боис хоҳад шуд, ки дар баъзе ҳақоиқи он низ тардид кунем. Мазҳаб бояд бузургтарин манбаъи ахлоқи бошад ва башарро нерў бахшад ва сипаре дар баробари заъфу нотавонии ў ба шумор ояд. Эътиқод ба ақоиди ғайри мантиқист саранчом инсонро ба заъфи ахлоқ хоҳад кашонид, маънои воқеъии тамаддун аз байн хоҳад рафт ва башару зиндагии ў ба беҳадафи хоҳад анчомид.

      Масеҳиён худро комилан моил меёбанд, ки равиши суст ва ғайриамалии худро қабул ва аз он чи саҳеҳу дуруст ва амали аст, дури кунанд ва зери бори он нараванд.

      На танҳо масеҳиён ҳатто баъзе мусулмонони шарқи, ки таҳти таъсири фарҳанги урупои қарор гирифтаанд, ҳамвора саъй мекунанд, ки дар зиндагии худ рафтори масеҳиёнро тақлид кунанд, арзишҳои моддии ононро бипазиранд, идеяҳои маънавию метафизикии ононро қабул намоянд.

      Ағлаби ин мусулмонони чавон ва тоза ба даврон расида ба чои ин ки ақоиди худро ислоҳ кунанд, аз дарёи мўътақидоти худ баҳра бигиранд, ба тадрич пойдории ахлоқ ва руҳияти шарқии худро аз даст медиҳанд.

      Боре дар Урупо ба баъзе аз мусулмонони шарқи бармехўрем, ки ҳатто дар муҳите чун Урупо ва дар миёни дўстони азизи худ рафтор ва хусусияти ахлоқи меҳан ва зодгоҳи худро ҳифз кардаанд. Ба василаи ин афрод аст, ки мо ҳақиқати масеҳиятро дарк мекунем ва низ мефаҳмем, ки давраи ин дин қабл аз давраи ислом будааст. Дар асари тамос ба ин афрод аст, ки бисёре аз урупоиён пазируфтаанд, ки дар як дину мазҳаб, як силсила усул ва мўътақидоти ахлоқи ҳақиқи лозим аст, на усуле, ки чуз исму расму зоҳир чизе аз он барчо набуда ва ҳақиқате надониста бошад.

      Дар асари муъоширот ва зиндаги бо ин гуна мусулмонон ва баҳс бо онон ба тадрич ба ислом ошно шудам ва ҳаққонияти онро дарк кардам ва аз ончо таъомили он барои афкори солим ва роҳҳои содда ва беолоиш чаззобу рабоянда аст. Натавонистам дар муқобили он муқовимат кунам. Ақоиди масеҳият ва худо будани Масеҳ парвардигори бузургро дар назари ман ончунон таназзул дод, ки то сарҳади инкори ў пеш рафта будам, вале ислом ва таомили олияи он худоро вучуди ҳақиқи ва қобили эътимод чилвагар сохт.

      Ман самимона орзумандам, ки кўшиши бештар мабзул гардад то ислом дар ғарб густариш ёбад. Мардуми Урупо амалан дар бораи ислом иттилоъ надоранд ва маълумоти онон аз нукоти чузъи монанди тааддуди завачот тачовуз намекунанд.

      Ба хусус занон, ки ба иллати бехабари бо шунидани номи ислом нороҳат мешаванд. Онон қабул накардаанд, ки тааддуди (бисёри) завачоти, ки дар ислом ичоза дода шуда, шароите мушкил ва истисно дорад ва дорои қонунҳо ва муқарароти сахт ва ҳисобшудае аст.

      Интиқодкунандагони урупои, ки ба ин қонунҳои исломи хурда мегиранд, ҳаргиз диққат намекунанд, то лозимии ин қонунҳоро дар зиндагии башар дарк кунанд. Ман мехоҳам бидонам, ки аз назари як зани таҳсилкарда кадом як қонун беҳтар ва саҳеҳтар аст.

      Марде, ки беш аз як зан дорад, вале аз тариқи саҳеҳ ва қонуни ё марде, ки дар зоҳир як зан дошта бошад ва дар пинҳони бо дигарон робита барқарор кунад ? Агар урупоиён метавонистанд исломро дарк кунанд ва ҳуррияту озодии ўро бипазиранд, медиданд, ки чи гуна зиндагии онон беҳбуд меёфт. Омори хонаводаҳои нобасомон ва издивочҳои нофарчом поин меомад ва аз теъдоди талоқҳо коста мешуд.

Аз китоби ” Чаро мусулмон шудам ” гирифта шудааст


Posted by bismillah at 16:21:37 | Permalink | Comments (1) »

ВУЧУБИ ПАЙРАВИ БА ПАЁМБАР саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ВА ФАРМОНБАРДОРИ АЗ У саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам .

بسم الله الرحمن الرحيم

Ба номи худованди бахшояндаву меҳрубон

Фармонбардори аз паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба анчом додани ончие, ки ба он амр фармудаанд ва тарки ончие, ки аз он нахи фармудаанд вочиб аст. Ва ин амр яке аз муктазоёти имон ба паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мебошад. Аллох таоло дар оятхои зиёде ба фармонбардории паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармудааст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَأُولِي الْأَمْرِ مِنْكُمْ فَإِنْ تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللَّهِ وَالرَّسُولِ إِنْ كُنْتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ذَلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلاً (النساء:59)

“Эй касоне, ки имон овардаед, аз худо итоат кунед ва расул ва улувул амри хеш фармон баред. Ва чун дар амре ихтилоф кардед, агар ба худову рузи киёмат имон доред, ба худову паёмбар ручуъ кунед. Дар ин хайри шумост ва дар саранчоме бехтар дорад. (Нисо:59).

Тавре, ки Аллоҳ таоло мефармояд:

مَنْ يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّهَ وَمَنْ تَوَلَّى فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظاً) (النساء:80)

“Хар ки аз паёмбар итоат кунад, аз худо итоат карда аст. Ва онон ки сарбозананд, пас мо туро ба нигохбонии он нафиристодем”. (Нисо:80).

Тавре, ки Аллоҳ таоло мефармояд:

وَأَقِيمُوا الصَّلاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ) (النور:56)

“Ва намоз бигузоред ва закот бидихед ва аз паёмбар итоат кунед, бошад, ки бар шумо рахмат оварад”.

(Нур:56).

Чуноне, ки Аллох таоло касонеро, ки аз тоати паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) сарпечи мекунанд онхоро ваъдаи азобу укубат медихад. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:

لا تَجْعَلُوا دُعَاءَ الرَّسُولِ بَيْنَكُمْ كَدُعَاءِ بَعْضِكُمْ بَعْضاً قَدْ يَعْلَمُ اللَّهُ الَّذِينَ يَتَسَلَّلُونَ مِنْكُمْ لِوَاذاً فَلْيَحْذَرِ الَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنْ أَمْرِهِ أَنْ تُصِيبَهُمْ فِتْنَةٌ أَوْ يُصِيبَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ (النور:63)

“Ончунон ки якдигарро садо мезанед паёмбарро садо мазанед. Худо медонад чи касон аз шумо дар панохи дигаре худ пинхон месозанд ва охиста охиста берун мераванд. Онон ки аз фармони у сарпечи мекунанд, бояд битарсанд, ки мабодо ба онхо фитнае ва ё азобе дардовар бирасад”. (Нур:63).

Маънои фитна дар ояти мазкур: Дар дилхояшон фитна пайдо шавад, мисли куфр, нифок, ва ё ононро дар дунё азоби дарднок бирасонад. Монанди катл укубат, хабс ва гайра.

Аллох таоло тоати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ро сабаби шоистаги ва сазовор шудан ба мухаббати илохи ва магфирати гунохон гардонидааст. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:

قُلْ إِنْ كُنْتُمْ تُحِبُّونَ اللَّهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللَّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ (آل عمران:31)

“Бигу: Агар худоро дуст медоред, аз ман пайрави кунед, то у низ ўуморо дуст бидорад ва гунохонатонро биёмурзад, ки омурзанда ва мерубон аст”.

(Оли Имрон:31).

Аллох таоло тоати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ро хидояту тавфик ва сарпечи аз тоати уро залолату гумрохи карор додааст. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:

فَإِنْ لَمْ يَسْتَجِيبُوا لَكَ فَاعْلَمْ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهْوَاءَهُمْ وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّنِ اتَّبَعَ هَوَاهُ بِغَيْرِ هُدىً مِنَ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ لا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ) (القصص:50)

“Пас агар ичобатат накарданд, бидон, ки аз пайи хавои нафси хеш мераванд ва кист гумрохтар аз он, кас, ки бе он ки рахнамои хохад аз пайи хавои нафси худ равад? Зеро худо мардуми ситамкорро хидоят намекунад”. (Касас: 50).

Барои моён паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) рохнамо ва намунаи хасана хастанд.

Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:

لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَنْ كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيراً (الأحزاب:21)

“Барои шумо агар ба худо ва рузи киёмат умед медоред ва худоро фаровон ёд мекунед, шахси расуллуллох муктадои писандидаест”. (Ахзоб:21).

Имом Ибни Касир дар тафсири ин оят чунин мегуянд:

“Ин ояти карима дар ҳама акволу аъмол ва ахвол ба паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) иктидо кардан далолат мекунад.

Аллох таоло пайравии паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ро дар чихил мавриди Куръони карим зикр кардааст. Инсоният ба маърифати он чизе, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) овардаанд ва ба пайравии он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бештар аз хурдану нушидан ниёзманд аст, зеро агар инсон аз хурданиву нушидани махрум гардад, мемирад. Лекин агар ба паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пайрави накарда фармонбардори аз он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) накунад, азобу бадбахтии доими дар охират насиби у мегардад.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) умматашонро ба иктидо ва пайравии худашон дар ибодатхо, амр кардаанд. Бояд ибодатхо ба тарзе ичро карда шавад, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) онро ба хамон тарз анчом доданд. Чуноне, ки фармуданд:

“Намозхоятонро ба тавре, ки маро мебинед, ки намоз мегузорам хамон тавр гузоред”. (Бухори).

Инчунин фармудаанд:

“Дар маносикатон (аъмоли хач) ба ман пайрави кунед”. (Муслим).

Хамчунон фармуданд:

“Хар касе, ки амалеро анчом дихад, ки бар он амал амри мо набошад, пас амали у мардуд аст”.

(Бухори ва Муслим).

Инчунин фармуданд:

“Касе, ки аз суннати ман руй гардонад, пас у аз уммати ман нест”. ( Бухори ва Муслим).

Мисли ин далелхои зиёде вучуд дорад, ки ба вучуби иктидо ба паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва нахи аз мухолафат варзидан ба он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) далолат мекунад.

Posted by bismillah at 15:56:51 | Permalink | Comments (2)

ДУРУДУ САЛОМ ФИРИСТОДАН БА ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам).

Аз чумлаи хакки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бар умматашон фиристодани дуруд ва салом бар он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мебошад.

Аллох таоло мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ وَمَلائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيماً) (الأحزاب:56)

“Худо ва фариштагонаш бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) салавот мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардед, бар у салавот фиристед ва салом гўед, саломе неку”.

(Ахзоб:56).

Маънои дуруд гуфтани Аллох бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин аст, ки у таоло дар назди фариштагон паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)ро мадху ситоиш мекунад ва дуруд гуфтани фариштагон бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бар маънои дуо аст ва дуруди инсонхо ба маънои истигфор аст.

(Бухори аз Абу Олия).

Аллох таоло дар ин ояти карима манзилату макомоти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)ро баён кардааст, ки он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар назди Аллох таоло дорои макоми бузурге ҳастанд. Аллох таоло паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дар назди фариштагони мукарраб ситоиш мекунад ва фариштагон бар он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дуруд мегуянд. Сипас Аллох таоло ахли оламро ба салому дуруд гуфтан ба паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) амр фармудааст, то ситоиши ахли олами боло ва поён бар он паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) чамъ шавад.

Тафсири «Саллиму таслимо» ин аст, ки (салом бигуед ба он саломе, ки дар дини ислом омадааст). Яъне бар он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) саломи исломи фиристед.

Гуфтани (саллалоху алайх) дуруст нест ва инчунин (алайхис салом) чоиз нест, балки хардуро якчо гуфта шавад (саллолоху алайхи ва саллам). Аллох таоло ба зикр кардани харду амр кардааст.

Инчунин дар суннат собит шудааст, ки беҳтарини салавот он аст, ки баъди паёмбар (с) бар аҳли ў низ салавот фиристода шавад. Чи тавре, ки дар салавоти баъди ташаҳҳуд собит шудааст.

Мавзеъхои фиристодани дуруду салом бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бисёр аст.

Имом ибни Каййим дар китобашон «Залоилул Афхом» чунин овард: Нахустин мавзеъ, ки мухимтарини онхо аст, дар охири намоз, баъд аз ташаххуд мебошад ва суннати муаккада будани ин дуруду салом байни мусалмонон мавриди ичмову иттифок карор ёфтааст. Ва аммо ихтилофе, ки хаст дар мавриди вочиб будани он аст.

(Чалоул афхом: 222-223).

Инчунин мавзеъхои дигареро зикр намудааст, ки дар дуои қунут, хутба, мисли хутбаи чумъа ва хутбаи хардуи ид ва истиско, баъд аз шунидани азон, дар вакти дуо, дар вакти духул ва хорич шудан аз масчид ва дар вакти номидани паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам).

Зикри баъзе фоидахои дуруд васалавот:

1-Ичро кардани фармони илохи.

2-Ноил шудани дурудгуянда ба дах дуруд аз чониби парвардигори чахониён дар мукобили хар дуруде, ки бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фиристода мешавад.

3-Умеди кабул шудани дуо.

4-Сазовор шудан ба шафоати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам).

5-Дуруду салом сабаби магфирати гунохон аст.

6-Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бар дурудгуянда низ дуруд мегуянд.

Эй худоё, дуруду салом бифирист бар паёмбари мехрубон ва бар оли ў.

Posted by bismillah at 15:55:53 | Permalink | No Comments »

ФАЗИЛАТИ АХЛИ БАЙТИ МУХАММАД (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)

ФАСЛИ ЧАХОРУМ

ВА ОНЧИ, КИ ДАР МАВРИДИ ОЛИ БАЙТ БЕЗУЛМ ВА МУБОЛАГА ВОЧИБ АСТ.

Ахли байти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) онхоянд, ки садака барояшон харом аст, яъне онхо закоту садака намегиранд. Ва онхо оли Али, оли Чаъфар, оли Ақил, оли Аббос, фарзандони Хорис ибни Абдулмуталиб ва хамсару духтарони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) хастанд.

Далели ин кавл ин аст, ки Аллох таоло хабар медихад:

وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَى وَأَقِمْنَ الصَّلاةَ وَآتِينَ الزَّكَاةَ وَأَطِعْنَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيراً (الأحزاب:33)

“(Эй занҳои паёмбар!) Ва дар хонахои худ бимонед. Ва ба мисли замони чохилияти пешин, зинатхои худро ошкор мекунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидихед ва аз худову паёмбараш итоат кунед. Эй ахли байт, худо мехохад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок дорад”. (Ахзоб:33).

Имом ибни Касир (р) дар тафсири ин оят чунин мегуянд:

“Касе, ки ин оятро мавриди тааммул ва тадаббур карор дорад барояш хувайдо мегардад, ки хамсарони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ин фармудаи илохи (“Эй аҳли байт, худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок дорад”), ки дар сураи Ахзоб-33 аст, дохиланд. Ва дар давоми ин оят Аллох таоло мефармояд:

وَاذْكُرْنَ مَا يُتْلَى فِي بُيُوتِكُنَّ مِنْ آيَاتِ اللَّهِ وَالْحِكْمَةِ إِنَّ اللَّهَ كَانَ لَطِيفاً خَبِيراً (الأحزاب:34)

Он чиро, ки дар хонахоятон аз ояти худо ва хикмат тиловат мешавад, ёд кунед, ки худо борикбину огох аст”.(Ахзоб:34).

Аллох таоло дар ин оят занони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)ро мефармояд, ки ба ончие, ки дар хонахоятон бар паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нозил мегардад аз Куръон ва суннат, амал кунед.

Имом Китода ва дигарон дар мавриди тафсири ин оят чунин мегуянд:

Аллох таоло ба хамсарони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мухотаба карда мефармояд, ки ин неъматхоро, ки Аллох таоло бар шумо ба тарзи авлавият аз байни мардумон инъом фармудааст, ёд кунед, ки вахйи илохи хос дар хонахои шумоён нозил мешавад ва дар он дигарон мушоракат намеварзанд. Модарамон хазрати Оиша (р) ба ин неъмати илохи сазовортарини онхо ва ба тарзи вижа лоиктарини ин рахмати илохи мебошанд. Вахйи илохи дар бистари хеч яке аз занонашон чуз Оиша (р) нозил нашудааст. Чунон чи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ин бора хабар додаанд. Хамчунон паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба зани бокирае чуз Оиша (р) издивоч накардаанд. Модарамон Оишаи сиддика (р) пеш аз паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба каси дигаре издивоч накарда буданд. Ҳазрати Оиша (р) ба ин неъмат ба танхои даст ёфтаанд ва ба ин мартабаи оли ба тарзи вижа шоиста шуданд.

(Тафсири Ибни Касир).

Ахли суннат ва чамоат ахли байти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дуст медоранд ва ба онон дусти мекунанд ва васияти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки доир ба онхо содир шудааст ичро мекунанд.

Чуноне, ки он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Ман шуморо дар ахли байтам ёддошту ёдрас мекунам». (Муслим).

Ба муктазои ин хадиси шариф, сунниён ахли паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дуст медоранд ва эхтиром мекунанд. Ин амр чузъе аз мухаббати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва эхтироми он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шуморида мешавад. Ин эхтирому мухаббат аз он аст, ки ахли байт пайрави суннати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва бар дини он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) устуворанд. Ба мисли хазрати Аббос (р) ва фарзандонашон, ва Али (р) ва ахли хонаводаашон, ки бар дину суннати он ҳазрат пойдор буданд. Ва агар касе аз эшон ба суннати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) устувор набуда бо он мухолифат варзад, пас дуст гирифтани у ва бо у дусти кардан чоиз нест, гарчанде у аз чумлаи ахли байт бошад.

Мазхаби ахли суннат доир ба ахли байт мазхаби хак ва муътадил аст. Онхо он касонеро аз ахли байти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дуст дошта онхоро мавриди муволот карор медиханд, ки онхо бар дину суннат коим буда бар манхачи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) устувор хастанд. Ва ононе, ки аз суннати паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) руй гардонида ба он хазрат мухолифат меварзанд, онхоро мавриди бароат карор дода аз онхо безори мечуянд. Гарчанде онхо аз ахли оли байт бошанд, зеро хешовандии онхо ба паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва аз ахли байти он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) буданашон ба онхо фоидае нахохад расонид, магар ин ки пайрави дини Аллох ва суннати (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бошанд.

Чуноне, ки хазрати Абухурайра ривоят карданд, ки вакте, ки ин ояти карима нозил шуд:

وَأَنْذِرْ عَشِيرَتَكَ الْأَقْرَبِينَ) (الشعراء:214)

“Хешовандони наздикатро битарсон”.

(Шуаро:214)

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) байни Курайш бархеста бар онхо нидо карданд:

«Эй чамоати Курайш, ба начоти нафсхоятон биандешед, зеро ман дар боргохи илохи бароятон фоидае расонида наметавонам. Эй Аббос фарзанди Абдулмутталиб (амаки паёмбар) дар назди Аллох барои ту манфиате расонида наметавонам. Эй Сафия (аммаи паёмбар), дар назди Аллох барои ту фоидае расонида наметавонам. Ва эй Фотима (духтари паёмбар) он чизе аз моли ман мехохи аз ман дар ин дунё талаб бикун, аммо дар рузи растахез ман барои ту салохияти фоида расониданро надорам». (Бухори).

Инчунин паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар хадиси дигар мефармоянд: «Касе, ки амалаш сусту заиф бошад, нисобаш уро ба чое намерасонад». (Муслим).

Касеро, ки амалаш ёри надиҳад, насабаш ёри дода наметавонад. Инчунин манхачи ахли суннат ва чамоат аз шиаи рофиза безори чустан ва дур шудан аст, ки онхо дар мавриди баъзе аз ахли байт муболагаву зиёдарави карда эътикод доранд, ки онхо чун паёмбарон аз хатову маъсиятхо холиянд, пас барояшон исмат даъво доранд.

Низ аз тарикаи носибихо безоранд, ки онхо бар ахли байти паёмбар душмани насб кардаанд, яъне бар онхо таънаву маломат мекунанд. Инчунин аз равиши бидъаткорони дар залолату хурофот гарк шудагон безоранд, ки дар дуохояшон ба ахли байт тавассул мечуянд ва ононро ба ивази Аллох таоло худоён меҳисобанд ва аз онхо дуову мадад металабанд.

Аз ин хувайдо мешавад, ки ахли суннат ва чамоат доимо барои худ манхачи муътадил, ки дар он на ифрот хасту на тафрит, бар худ лозим медоранд. Аз муктазои мазхаби аҳли суннат ин аст, ки доир ба ахли байти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) чавру ситам ва зулму ситамро раво намебинанд ва инчунин дар мавриди онхо муболагаву зиёдрави намекунанд.

Пешвоёни оли байти паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) гулуву зиёдравиро дар мавридашон зишт мешумориданд ва аз зиёдравандагон безори мечустанд. Тавре, ки хазрати Али ибни Абитолиб (р) ононеро, ки дар хаккашон муболага ва зиёдрави карда буданд дар оташ сузониданд. Ва хазрати ибни Аббос (р) дар куштани онхо ба хазрати Али (р) мувофикат карданд, лекин ибни Аббос дар фикре буданд, ки бояд онхо ба ивази сузонидан ба воситаи шамшер кушта шаванд. Чуноне, ки хазрати Али (р) Абдуллох ибни Саборо, ки раъйи зиёдравонро дошт, талаб карданд, то дар наздашон хозир гардад, то уро бикушанд, лекин фирор намуд ва пинхон шуд.

Posted by bismillah at 15:53:44 | Permalink | Comments (1) »

ФАЗИЛАТИ ЁРОНИ МУХАММАД(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)

АСЛИ ПАНЧУМ

БА ОНХО ЧИ ЭЪТИКОД БОЯД ДОШТ.

МАЗХАБИ АХЛИ СУННАТ ВА ЧАМОАТ ДАР МАВРИДИ ОН ЧИЕ, КИ ДАР МИЁНИ ОНХО ХОСИЛ ГАРДИД.

1) Маънои сахоба ва эътикоде, ки бояд доир ба онхо эътикод карда шавад.

Калимаи сахоба сигаи чамъ аст, ки муфради он сахоби мебошад. Ва сахоби он шахсеро гуянд, ки бо паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) суҳбат карда бошад дар холате, ки муъмин буда ва бо имон вафот карда бошад.

Онхо бехтарини инсоният баъди паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ва ахли бехтарини асрхо хастанд. Бино бар сабкату пешравиашон дар ислом, хамсухбатиашон бо паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), чиход, таблиги шариати ислом ва гайра, ки ба он хосияту фазилат доро шуданд.

Аллох таоло ёрони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро мавриди мадху сано гардонид. Чуноне, ки мефармояд:

وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَداً ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ (التوبة:100)

“Аз он гурухи нахустин аз мухочирин ва ансор, ки пешкадам шуданд ва онон, ки ба неки аз паяшон рафтанд, худо хушнуд аст ва эшон низ аз худо хушнуданд. Барояшон бихиштхоеро, ки дар онхо рудхо чорист ва хамеша дар он чо хоханд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург”.

(Тавба:100).

Инчунин мефармояд:

محمد رسول الله و الذين معه أشداء على الكفار رحماء بينهم تراهم ركعا سجدا فضلا من الله و رضوانا سيماهم في وجوههم من أثر السجود ذلك مثلهم في التوراة و مثلهم في الانجيل كزرع أخرج شطأه فأزره فاستغلظ فاستوى على سوقه يعجب الزراع ليغيظ بهم الكفار وعد الله الذين آمنو و عملوا الصالحات منهم مغفرة و أجرا عظيما. الفتح 29.

“Мухаммад паёмбари худо ва касоне, ки ба у хастанд, бар кофирон сахтгиранд ва ба якдигар мехрубон. Ононро бини ки рукуъ мекунанд, ва сачда меоранд ва чуйои хушнудии худо аст. Нишонанашон асари сачдаест ба чераи онхост. Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инчил, ки чун киште хастанд, ки чавона бизад ва он чавона махкам шавад ва бар похои худ бистад ва кишоварзонро ба шигифти водорад, то ончо, ки кофиронро ба хашм оварад. Худо аз миёни онхо касонеро имон оварданд ва корхои шоиста карданд, ки ба омурзиш ва подоше бузург ваъда додааст“. (Фатх:29).

Инчунин мефармояд:

لِلْفُقَرَاءِ الْمُهَاجِرِينَ الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَأَمْوَالِهِمْ يَبْتَغُونَ فَضْلاً مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَاناً وَيَنْصُرُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ أُولَئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ . وَالَّذِينَ تَبَوَّأُوا الدَّارَ وَالْأِيمَانَ مِنْ قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هَاجَرَ إِلَيْهِمْ وَلا يَجِدُونَ فِي صُدُورِهِمْ حَاجَةً مِمَّا أُوتُوا وَيُؤْثِرُونَ عَلَى أَنْفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ وَمَنْ يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ. (الحشر:9-8)

“Низ ганоим аз они мухочирони факир аст, ки аз сарзаминашон ронда шуданд ва онхо бар фазлу хушнудии худоянд ва худову паёмбарашро ёри мекунанд, инон ростгуёнанд. Ва касоне, ки пеш аз омадани мухочирон дар диёри худ буданд ва имон оварданд, онхоеро, ки ба суяшон мухочират карданд, дуст медоранд. Ва аз он чи мухочирон дода мешаванд, дар дил эхсоси хасад намекунанд ва дигаронро ба хеш тарчех медиханд, харчанд худ ниёзманд бошанд. Ва онон, ки аз бухли хеш дар амон монда бошанд, растагоронанд”.

(Хашр:8-9).

Дар ин оят Аллох таоло мухочирону Ансорро мадху сано карда онхоро дар пешкадами дар некихо мавсуф доштааст. Ва хабар додааст, ки у таоло онҳоро хушнуду рози гардонида барояшон бихиштро мухайё кардааст. Инчунин Аллох онхоро ба сифатхои нек мавсуф дошт, ки дар байни якдигар бо мархамату шавкат ва дар мукобили кофирон сахтгир мебошанд. Хамчунон сахобагони мухочирро васф намудааст, ки онхо ватану молу мулкашонро ба хотири Аллоҳ ва нусрат додани дини у таоло ва ба умеди сазовор шудан ба фазлу ризогии Аллох таоло тарк кардаанд.

Хамчунин Аллох таоло сахобагони ансорро бо ин васф мавсуф доштааст, ки онхо сохибони диёри хичрат ва имони ростин хастанд. Инчунин онон бародарони мухочири худро дуст дошта ононро бар хешигари мекаддам медоштанд, бо онхо хамнавои ва ёри мекарданд ва онхо аз сифатхои зишту кабех пок хастанд. Бинобар ин онхо ба начоту пирузи сазовор шудаанд. Инчунин ба фазилатхои дигар сазовор шудаанд, ки баъзе аз онхо ба баъзеи дигар фазлу хосият доранд, монанди пешкадами дар ислом, чиход, хичрат ва гайрахо.

Аллох таоло аз онхо хушнуду рози бод!

Бехтарини ёрони Мухаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) халифахои рошидинанд, ки онхо хазрати Абубакр, Умар, Усмон ва Али хастанд. Баъди онхо дах мубашширон ба чаннат мебошанд, ки онхо чахор хулафои рошидин ва хазрати Талха, Зубайр, Абдурахмон ибни Авф, Абу Убайда ибни Чаррох, Саъд ибни Абиваккос, Саъид ибни Зайд хастанд.

Ва аз он чумла мухочирин ва ансор бартари доранд. Ахли Бадр ва ахли байъати расул, низ бартари доранд. Ва ононе, ки пеш аз фатхи Макка исломро пазируфтанд ва ононе, ки баъди фатх имон оварданд бартари доранд.

2) Баёни мазхаби ахли суннат ва чамоат доир ба он чангу фитнахо, ки дар миёни сахобагон хосил шуда буд.

Сабаби фитна: Яхудиён буданд, ки хостанд бар зидди ислом ва мусалмонон макру хилае кунанд ва миёни онхо фитнахоро чори кунанд. Бинобарин миёни мусалмонон марди зиштеро ба номи Абдуллох ибни Сабо, ки аз яхуди Яман буд дохил карданд. Ибни Сабо шахсе буд, ки ба тарзи нифоку дуругхояш исломро изхор намуд. Ин марди яхуди ба нашр кардани кинаву газабаш бар зидди халифаи рошидини саввум Усмон (р) шуруъ кард. Ва бар зидди он хазрат тухмату бухтонхоеро эчод кард, ки дар натича баъзе аз мусалмонони кутох андешаву имони заиф дошта ва дустдорандаи фитна ба дасисахои Ибни Сабо фирефта шуданд.

Ин фитна бо катли хазрати Усмон ба интихо расид. Дар асари ин фитна байни мусалмонон ихтилофхои зиёде ба вучуд омад ва аз ин фурсатхо истифода бурда душманон байни мусалмонон фитнаҳо чори мекарданд, ки он боиси чанг байни сахобагон гашт.

Шорехи “Акидаи Тахови” мегуяд:

Асли мазхаби Рофиза (Шиаро) шахси зиндику мунофик эчод кардааст, ки максадаш нобуд кардани дини ислом ва танкиду маломат кардан буд. Пас аз Усмон амирул муъминин Али ибни Абитолиб ба халифаги байъат карда шуд ва у сазовортарин шахс ба ин амр дар он вакт буд ва бехтарин шахсе буд, ки зинда монда буд, лекин дилхо пароканда ва оташи фитна шуъла мезад. Бинобар ин иттифок хосил нашуд ва байни чамоат низом карор нагирифт. Халифа ва бехтарини уммат, ки барои уммат хайру салохро мехостанд, тахкик намудани он имконнопазир шуд. Дар натича дар ин фитнаву хилофхо кавмхо дохил шуданд ва хосил шуд он чизе, ки ба хамагон маълум аст.

(Мачмуъи фатово: 25-304/305).

Шайхул ислом ибни Таймия дар мавриди сабаби чанге, ки байни хазрати Али (р) ва Муовия (р) ба вукуъ пайваст мегуяд:

Вакте, ки Муовия (р) зидди Али (р) чанг мекард, Муовия даъво ва иродаи халифаги надошт. Инчунин барои хилофат начангид, зеро хангоме, ки Муовия аз ин амр пурсида шуд, ба ин эътироф намуд. Муовия ва ёрони у бар ин назар буданд, ки бояд бар зидди Али (р) чангро огоз накунанд ва бар зидди у мубориза набаранд ва хазрати амирул муъминин Али (р) ба ин назар буданд, ки бар тарафи мукобил вочиб аст, ки аз у, ки амирул муъминин аст, фармон кунанд ва бо у байъат кунанд, зеро барои мусалмонон чуз як халифа вучуд надошт ва онхо (Муовия ва пайравонаш) аз тоаташ руй гардониданд ва аз ичро кардани ин вочиб имтиноъ варзиданд. Бинобар ин Али (р) ба ин фикр расиданд, ки бояд зидди Муовия бичанганд, то ин вочибро ба чо оваранд ва тоату иттифок ба чо ояд.

Аз чониби дигар Муовия (р) ва пайравонаш гуфтанд, ки байъат бар моён вочиб нест, зеро хазрати Усмон (р) мазлумона кушта шуданд ва котилони он хазрат дар зимни лашкари Али (р) вучуд доранд ва онхо ба куввату силох доро шудаанд, агар моён ба Али итоат кунем, дар ин хол онхо бар моён чавру ситам мекунанд ва Али (р) наметавонад моро аз онхо химоят кунад, чуноне, ки натавонист хазрати Усмон (р)ро химоят кунад ва онхоро аз куштани Усмон (р) боз дорад. Бинобар ин бояд мо халифаеро интихоб кунем, ки у битавонад бар мо инсоф кунад ва золимонро нобуд созад. Аллох таоло аз чамии ёрони Мухаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) рози шавад. Хазрати Али ва Муовия харду як максад доштанд, ва он хам бошад мардумро ба рохи хак иршод намудан ва байни онхо адлу инсофро чори кардан ва дар охир ноил шудан ба ризогии Аллох таоло буд. Аллох таоло аз ҳамаи саҳобагон рози бошад! Дар хакикат Аллох аз сахобагон рози шудааст, тавре, ки мефармояд:

لَقَدْ رَضِيَ اللَّهُ عَنِ الْمُؤْمِنِينَ إِذْ يُبَايِعُونَكَ تَحْتَ الشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمْ فَأَنْزَلَ السَّكِينَةَ عَلَيْهِمْ وَأَثَابَهُمْ فَتْحاً قَرِيباً. (الفتح:18)

“Худо аз муъминон, он хангом, ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, хушнуд гашт ва донист ки дар дилашон чи мегузарад, пас оромиш бар онхо нозил кард ва ба фатхи наздик подошашон дод”.(Фатх:18).

Назарияиахли суннат ва чамоат доир ба он чангу фитнахо, ки дар миёни сахобагон хосил шуда буд:

Якум: Ахли суннат ва чамоат аз ҳукм кардан дар мавриди он ихтилофхое, ки байни ёрони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) содир шуд, худдори намуда аз мочарову мунокаша ва бахсу гуфтугу дур мешаванд, зеро ягона рохи саломати дар мавриди ин масъала сукут аст. Онхо ин иршоди илохиро ба забон талаффуз мекунанд. Аллох таоло мефармояд:

وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْأِيمَانِ وَلا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلّاً لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَحِيمٌ (الحشر:10)

“Касоне, ки пас аз саҳобагон омаданд, мегуянд: Эй парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон оварданд, биёмурз ва кинаи касоне, ки имон оварданд, дар дили мо чой мадех. Эй парвардигори мо, ту мушфику мерубон хасти”.

(Хашр: 10).

Дуввум: Он киссаву ривоятхое, ки дар мазаммати онхо ворид шудааст, чавоб бар он дар нуктахои зайл аст:

1-Кисме аз он киссаву хикояхо дуруг аст ва сахех нест. Он киссахои дуругинро душманони ислом бофтанд, то байни мусалмонон ихтилофотро нашр кунанд.

2-Кисми дигар дар он зиёдаву нуксон пайдо шудааст. Аксари ин киссахо тахриф ёфтааст, ки салохияти эътиборе надорад.

3-Кисме аз ин киссахо сахех ва собит аст, лекин дар ин маврид он сахобагон аз ду чиз холи нестанд: а) Мучтахиди мусиб, яъне ин амалро ба тарзи сахех ба ичтиходи худ анчом доданд. б) Мучтахиди мухти, яъне ин амалхоро ба ичтиходи худ анчом дода дар анчом додани он тамоми саъю кушишашро боз кардааст, лекин дар ичтиходи худ хато кардааст.

Дар хар дуи холат баъзе аз онхо бар ду ачру савоб доро шуданд ва баъзеи дигар бар як ачру савоб доро шуданд, бинобар ин онхоро мазаммат кардан чоиз нест.

Тавре, паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мефармоянд:

«Вакте, ки хоким (олим) амалеро ба ичтиходи худ ба тарзи сахех анчом медихад, пас барои у ду ачр аст. Ва хокиме, ки дар ичтиходи худ хато мекунад, пас барои у як ачр хосил мешавад».

(Бухори ва Муслим).

4-Онхо мисли дигарон инсон хастанд, бинобар ин аз хатову галатхо холи нестанд ва барояшон дар хато вокеъ шудан имконпазир аст, лекин онхо амалхои солеҳи зиёде доранд, ки ин хатохоро пок мегардонад. Ва он амалхо инхоянд:

-Тавба кардан аз хато, зеро тавба кардан шахсро аз хатову гунох пок мекунад. Тавре, ки доир ба ин мавзуъ далелхои зиёде ворид шудааст.

-Онхо сохиби фазилату хосиятхое шудаанд, ки боиси магфирати гунохони онхо мешавад. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:

وَأَقِمِ الصَّلاةَ طَرَفَيِ النَّهَارِ وَزُلَفاً مِنَ اللَّيْلِ إِنَّ الْحَسَنَاتِ يُذْهِبْنَ السَّيِّئَاتِ ذَلِكَ ذِكْرَى لِلذَّاكِرِينَ (هود:114)

“Намоз бигузор дар огози анчоми руз ва соате аз шаб. Зеро некуихо бадихоро аз миён мебарад. Ин андарзест барои андарзпазирон”.(Худ:114).

Саввум: Барои сахобагон савобу подоши корхои некашон нисбат ба дигарон бо тарзи дучанд дода мешавад. Дар ин амр дигарон ба онхо баробар нестанд.

Тавре, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

“Бехтарин асрхо асри ман аст…”

Инчунин фармуданд: “Камтарин садакае, ки асхоб дар рохи Аллох медихад, аз садакахои зиёди дигарон бехтар аст, агарчи дигарон мисли кухи Ухуд тилло садака кунанд.”

(Бухори ва Муслим).

Ахли суннат эътикод надоранд, ки касе аз сахобагон маъсум аст, чи он сахоби аз собикин бошад ва ё аз оли байт. Барои онхо дар гунох вокеъ шудан имконпазир аст. Аллох таоло гуноххои онхоро ба сабаби истигфору тавбаашон мавриди магфират карор дода дарачахои онхоро ба сабаби некукориашон баланд гардонидааст.

Аллох таоло мефармояд:

وَالَّذِي جَاءَ بِالصِّدْقِ وَصَدَّقَ بِهِ أُولَئِكَ هُمُ الْمُتَّقُونَ. لَهُمْ مَا يَشَاءُونَ عِنْدَ رَبِّهِمْ ذَلِكَ جَزَاءُ الْمُحْسِنِينَ. لِيُكَفِّرَ اللَّهُ عَنْهُمْ أَسْوَأَ الَّذِي عَمِلُوا وَيَجْزِيَهُمْ أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ الَّذِي كَانُوا يَعْمَلُونَ (الزمر:-33-35)

“Ва касе, ки сухани рост овард ва тасдикаш кард, онон пархезгоронанд. Барояшон харчи бихоханд, дар назди парвардигорашон мухайёст. Ин аст подоши некукорон, то худо бадтарин аъмоле, ки муртакиб шудаанд, аз онон бизудояд ва ба бехтар аз он чи мекарданд, подошашон дихад”. (Зумар:33-35).

Инчунин Аллох таоло мефармояд:

حَتَّى إِذَا بَلَغَ أَشُدَّهُ وَبَلَغَ أَرْبَعِينَ سَنَةً قَالَ رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَى وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحاً تَرْضَاهُ وَأَصْلِحْ لِي فِي ذُرِّيَّتِي إِنِّي تُبْتُ إِلَيْكَ وَإِنِّي مِنَ الْمُسْلِمِينَ. أُولَئِكَ الَّذِينَ نَتَقَبَّلُ عَنْهُمْ أَحْسَنَ مَا عَمِلُوا وَنَتَجَاوَزُ عَنْ سَيِّئَاتِهِمْ فِي أَصْحَابِ الْجَنَّةِ وَعْدَ الصِّدْقِ الَّذِي كَانُوا يُوعَدُونَ. (الاحقاف:-15-16)

То чун ба сини чавони расад ва ба чихилсолаги дарояд, гуяд: Эй парвардигори ман ба ман илҳом дех, то шукри неъмате, ки ба ман ва бар падару модарам арзони дошти, ба чой орам. Кори шоиста бикунам, ки ту аз он хушнуд шави ва фарзандони маро ба салох овар. Ман ба ту боз гаштам ва аз таслимшудагонам. Инон касоне хастанд, корхои некашонро мепазирем ва аз гунохашон дармегузарем ва инон дар зумраи ахли бихиштанд. Хар ваъдае, ба онхо дода шуда, рост аст”. (Ахкоф:15-16).

(Мачмуи фатово: 35-69).

Душманони ислом он фитнахоеро, ки байни сахобагон ба вукуъ пайваста буд, дар мачлисхояшон зикр намуда сахобагонро мазаммат мекунанд ва дар хакки онхо тухмату таънахо мебофанд. Инчунин баъзе аз муфаккиру нависандагони исломи, асархои онхоро дар ин маврид пайрави намудаанд ва худро байни сахобагон кози шуморида бе далелу бурхон дар хакки онхо хукм кардаанд. Дар хакикат онхо на мутафаккир хастанду на олим, балки онхо чохил ва пайравони шахватхо ва ба макри душманони ислом фиребхурдагон хастанд. Бояд хар мусалмон дар хакки сахобагон ин фармудаи илохиро ба забон талаффуз кунад. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:

وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْأِيمَانِ وَلا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلّاً لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَحِيمٌ. (الحشر:10)

“Касоне, ки аз паси саҳобагон омаданд, мегуянд: Эй парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон оварданд, биёмурз ва кинаи касоне, ки имон оварданд, дар дили мо чой мадех. Эй парвардигори мо, ту мушфику мехрубон хасти”.

(Хашр:10).

* * *

Posted by bismillah at 15:32:36 | Permalink | No Comments »

НАХЙ АЗ ДАШНОМ ДОДАНИ САХОБАГОН ВА ИМОМОНУ ОЛИМОН

ФАСЛИ ШАШУМ

Нахй аз дашном додани сахобагон яке аз усули ахли суннат ва чамоат аст, ки онхо ёрони Мухаммад мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дуст дошта дар хакки онхо ба чуз неки чизи дигаре намегуянд ва онхоро доимо ба неки зикр мекунанд. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:

وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْأِيمَانِ وَلا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلّاً لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَحِيمٌ. (الحشر:10)

“Касоне, ки аз паси саҳобагон омаданд, мегуянд: Эй парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон оварданд, биёмурз ва кинаи касоне, ки имон оварданд, дар дили мо чой мадех. Эй парвардигори мо, ту мушфику мерубон хасти”.

(Хашр:10).

Инчунин паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Сахобахои маро дашном мадихед, савганд ба номи он зоте, ки нафси ман ба дасти уст, агар касе аз шумоён мисли кухи Ухуд тилло садака кунад, ба камтари садакае, ки онхо садака кардаанд, нахохад расид».

(Бухори ва Муслим).

Ахли суннат ва чамоат аз равиши хаворич безор хастанд, ки онхо сахобагонро дашном медиханд ва фазилатхои онхоро инкор мекунанд. Ва бештари онхоро кофир мешуморанд. Ахли суннат дар ин маврид он чизе, ки дар Куръону суннат собит шудааст, онро кабул медоранд ва эътикод доранд, ки асри саҳобахо бехтарин аср аст. Тавре, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Бехтарин шумоён ононе хастед, ки дар асри ман зиндаги карда бошед». (Бухори ва Муслим).

Яъне сахобагон.

Вакте, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) тавзех доданд, ки ин уммат ба хафтоду се гурух таксим мегардад, хамаи он дар дузах, магар як гурух. Пас паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро пурсиданд, ки кист он як гурух, ки дохили бихишт гарданд? Дар посух гуфтанд:

Онхо дар он роҳе ҳастанд, ки ман ва сахобагони ман дар он роҳем». (Ахмад).

Имом Абу Зуръа, ки аз бузургтарин устозхои Муслим хастанд, доир ба ин масъала гуфтанд:

Вакте шахсеро мушохида мекуни, ки у сахобае аз сахобагони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро паст мешуморад, пас бидон хароина у зиндик ва кофир аст, зеро Куръон хак аст, паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) хак хастанд, ва он чизе, ки он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) овардаанд хак аст. Касе, ки онхоро мавриди маломату мазаммат карор дихад, максади у нобуд кардани Куръону суннат аст.

Аллома Ибни Хамадон гуфтанд:

Касе, ки сахобаи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро лаънату дашном дихад ва ин амалро халол шуморад, пас у кофир аст ва агар халол нашуморад фосик аст.

(Шархи акидаи сафорини,2/388-389).

Нахй аз дашном додани имомхо ва уламо.

Имомхои ахли суннат аз тобеин ва атбои тобеин баъди сахобагон бо фазлу каромат ва макомату манзилат доро шудаанд. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:

وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَداً ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ. (التوبة:100)

“Аз он гурухи нахустин аз мухочирин ва ансор, ки пешкадам шуданд ва онон, ки ба неки аз сахобагон пайрави карданд, худо хушнуд аст ва эшон низ аз худо хушнуданд. Барояшон бихиштхоеро, ки дар онхо нахрхо чорист ва хамеша дар он чо хоханд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург”.

(Тавба:100).

Онхоро дашном додан чоиз нест, зеро онхо имомхои хидоят мебошанд. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:

وَمَنْ يُشَاقِقِ الرَّسُولَ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُ الْهُدَى وَيَتَّبِعْ غَيْرَ سَبِيلِ الْمُؤْمِنِينَ نُوَلِّهِ مَا تَوَلَّى وَنُصْلِهِ جَهَنَّمَ وَسَاءَتْ مَصِيراً (النساء:115)

“Хар ки пас аз ошкор шудани рохи хидоят бо паёмбар мухолифат варзад ва аз рохе чуз рохи муъминон пайрави кунад, пас ба он суй, ки писанди уст, бигардонемаш ва ба чаханнамаш афканем. Ва чаханнам саранчоми бадест”.

(Нисо: 115).

Имом Ибни Абул Иззи ханафи доир ба ин мавзуъ чунин мегуянд:

Бар хар мусалмон вочиб аст баъд аз дуст доштани Аллох ва паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дуст доштани муъминхо. Тавре, ки ба ин амр Куръон далолат мекунад. Хусусан ворисони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро, ки онхоро Аллох таоло мисли ситорахо дар осмон карор додааст, ки инсон рохи худро дар торикихои бахру хушки дарёфт мекунад.

Мусалмонон иттифок кардаанд, ки олимони гузашта дар рохи хак халифаву ворисони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) буданд. Онхо суннатхоеро, ки мардум аз он руй гардонида буданд онро ба мардум тавзех дода, онхоро ба сўи он иршод фармуданд. Онхо хама якинан иттифок карданд, ки пайравии он хазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бар хар мусалмон вочиб аст. Хар вакте, ки кавли касе аз он бузургон бо хадиси паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мухолифат кард, бояд чунин пиндошт, ки шояд он олим маъзур бошад, яъне узр дошта бошад. Мисли:

1-Эътикод доштани у, ки ин хадисро паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нагуфтаанд, яъне ин хадис заиф аст.

2-Эътикод доштани у, ки хадис бар ин масъала далолат намекунад.

3-Эътикод доштани у, ки хадис мансух аст.

Онхо бар мо фазлу маконат доранд, зеро онхо барои моён шариатро таблиг намуданд ва умуре, ки барои моён мушкил буд, баён карданд. Аллох таоло аз онхо рози бошад.

رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْأِيمَانِ وَلا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلّاً لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَحِيمٌ. (الحشر:10).

“Эй парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон оварданд, биёмурз ва кинаи касоне, ки имон оварданд, дар дили мо чой мадех. Эй парвардигори мо, ту мушфику мерубон хасти”.

(Хашр: 10).

Ба сабаби хатои ичтиходие, ки олим дар он вокеъ мешавад, кадри уро паст шуморида, уро дашном додан тарикаи бидъаткорон аст, ки ин яке аз тахдидхои душманони ислом аст. Онхо ба ин тарика мехоханд мусалмононро дар динашон шакдор ва байнашон адоват пайдо кунанд. Чуноне, ки имрузхо ахвол ба ин минвол аст. Пас бояд толибони илм аз ин хатархо огох бошанд, то дар бахри фиреби душманони ислом гарк нашаванд. Бояд онхо уламои исломро хурмату эхтиром кунанд ва аз илми онхо бахра гиранд.

Posted by bismillah at 15:30:53 | Permalink | Comments (1) »

Thursday, July 10, 2008

Абдураҳмон ибни Авф

       Абдураҳмон ибни Авф ибни Абдулҳорис, амини Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло, амин дар осмон, яке аз панч нафароне, ки бо даъвати Абубакри Сиддиқ ба ислом дохил гашт, яке аз ҳашт нафари аввалинҳои ба ислом воридшуда, яке аз даҳ башоратёфтагон ба чаннат, яке аз 6-нафаре, ки Пайёмбари Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло соллаллоҳу алайҳи ва саллам аз дунё дар гузашт ва аз онҳо рози буд ва 6-нафаре, ки халифаи мусулмонон Умар писари Хаттоб онҳоро аҳли шўро интихоб карда буд.

       Саҳобии чалил аз чумлаи касо не буданд, ки дар ҳаёти Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам дар Мадина фатво медоданд….

       Номаш дар чоҳилият Абдуламр буд, ки баъд аз ба ис лом ворид гаштанаш, Расулуллоҳ ба вай номи Абдураҳмонро гузошт.

       Вай дар Макка ба азобу шиканчаҳои сахте рў ба рў гашта бо ҳамроҳии дигар са ҳобагон қасди Ҳабаша кард ва ҳамчунин аз аввалинҳо шуда ба Мадинаи Мунаввара ҳичрат намуд.

       Замоне, ки ба Мадина расид, бо худ ягон дороие надошт. Дар Мадина Расулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам ўро бо Саъд ибни Рабиъ бародар хонд. Бародарие, ки баро и тамоми олам дарси ибрат гашт. Саъд дар он замон яке аз сарватмандони Мадина ба шумор мерафт.Ў барои Абдураҳмон нисфи моли хешро пешниҳод кард. Аз Абдураҳмон талаб кард, то аз байни ду ҳамсараш якеро интихоб кунад, аммо.. Абдураҳмон ба Саъд дуои нек гуфта аз ў роҳи бозорро талаб кард. Бо қитъаи панире вориди бозор гашт ва баъд аз чанд сол .. .

       Ҳазрати Оиша модари мўъминҳо рузе овози баландеро шунида пурсид,ки ин чист? Гуфтанд:

       Абдураҳмон бо 700 шутури пур аз гандум, орд ва таом ба Мадина ворид гашт.

       Пас модари мўъминҳо гуфт, шунидам, ки Расулуллоҳ мегўяд:

       “Абдураҳмонро дидам, ки ба чаннат хазида медарояд.”

       Ин сухан ба гўши Абдураҳмон расид. Ў қасам ёд кард, ки ин корвонро бо ҳама дороияш дар роҳи Худо бахшидам.

       Ҳамчунин аз имом Байҳақи омадааст, ки Пайғабар соллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Абдураҳмон гуфт:

       “Эй писари Авф ту охирин сарватдороне ҳасти, ки вориди биҳишт мешави.. “.

       Ин ҳама бо баракати дуои Расули Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло барои ў буд. Чунончи аз Анас ривоят гаштааст, ки Пайёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам дуо кард, то Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло дар моли Абдураҳмон баракат ато фармояд. Баъди он дар ҳамаи кораш бобарор буд. Вай дар роҳи Ислом хизматҳои бузурге ро анчом додааст. Дар ғазваи Табук он ҳолате, ки Мадина бо хушксоли рў ба рў буд, моли зиёдеро барои тайёр кардани лашкари исломи нафақа кард. Ў дар тамоми ғазваҳо саҳми хешро мегузошт.

       Баъд аз сари Расулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам тамоми нафақаи модарони муъминин бар дўшаш буд.

       Замоне, ки ба гўши ў шаҳодати Мусъаб ибни Умайр розийаллоҳу анҳу расид, чашмонаш пур аз ашк гардид.

       Ў бо худ мегуфт:

       “Мусъаб, ки аз ман беҳтар буд, кушта шуд ва кафанаш чунон буд, агар сараш пўшида ме-шуд пояш луч мемонд ва агар пояш пўшида мешуд, сараш луч мемонд”.

       Саҳобии чалил дар тамоми ғазваҳо ширкат варзида дар ғазваи “Уҳуд” бештар аз 20 чароҳати вазнин ги-рифта то охир устувор монд. Дар яке аз сафарҳо ҳангоми намози бомдод саҳобагон намозро барпо дошта Абдураҳмонро имом гузоштанд. Пайёмбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам аз як ракаати намоз дер карда онро қазо дошт. Пас аз намоз рў ба саҳобагон овард ва онҳоро таҳсин хонд. Ҳазрати Абдураҳмон аз ин шарафи бузург шод гашт.

       Пеш аз вафоташ Абдураҳмон ибни Авф васият кард, то ба аҳли “Бадр” 400 динори диҳанд. Ва барои модарони мўъминин моли зиёде дод. Дар ин васф модари мўъминҳо Оиша гуфт:

       “Ин молро Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло аз Салсабил овард”.

       Саҳобии чалил каниз- ҳои зиёдеро озод карда барояшон моли зиёде ато кард. Аз пора карда ни тиллои Абдураҳмон дами табар ҳо гашта дасти мардҳо обила кард.

       Раҳимаҳуллоҳ, дар синни 75 солаги аз дунё гузашта ҳазрати Усмон бар ў намоз хонда дар “Бақеъ” дафн карда шуд.

Posted by bismillah at 23:12:58 | Permalink | Comments (3)